Ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз Ал-Ҷазира, масъулони созмони «Табибони бесарҳад» эълон карданд, ки нисбат ба кушта шудани ду нафар аз кормандони ин созмон дар ҳамлаи режими сионистӣ алайҳи маркази он дар Ғазза сахт эҳсоси хашм ва андӯҳ мекунанд.
Ин созмон афзуд: Марказҳои мо ба таври ошкор нишонаи созмони «Табибони бесарҳад»-ро доранд ва пештар ба артиши Исроил маҳали ҷойгиршавии ин марказҳо иттилоъ дода шуда буд ва Исроил аз пеш аз маҳали ҷойгиршавии ин марказҳо огоҳ буд.
Ин нахустин бор нест, ки режими сионистӣ марказҳои табобатӣ ва ғайринизомии байналмилалиро дар навори Ғазза ҳадаф қарор медиҳад, зеро пештар низ марказҳои УНРВА-и вобаста ба Созмони Милали Муттаҳидро бомбаборон карда буд.
Дирӯз низ рӯзномаи «Таймс»-и Бритониё эълон кард, ки равояти ғолиб дар Бритониё ин аст, ки режими сионистӣ дар Ғазза наслкушӣ мекунад ва фишори парлумони Бритониё барои густариши таҳримҳо алайҳи Тел-Авив афзоиш ёфтааст.
Your Comment